Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳоди миллии маъюбони Тоҷикистон» («ИММТ») — бузургтарин ва нуфузмандтарин нерӯест, ки манфиатҳои шахсони дорои маъюбиятро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя мекунад. ИММТ соли 1990 бо ташаббуси худи шахсони дорои маъюбият таъсис ёфта, ба яке аз ҳаракатҳои асосӣ барои ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар дар кишвар табдил ёфт. Соли 2025 мо 35 сола шудем. Дар дастаи мо мутахассисони ҷавон, ҳирфаӣ ва эҷодкор фаъолият мекунанд, ки бо садоқати баланд ҳуқуқи шахсони дорои маъюбиятро пеш мебаранд. Мо манфиатҳои беш аз 37,000 бенефитсиар (нафъгирандагон)ро ҳимоя мекунем ва тавассути 42 намояндагии минтақавии худ дар саросари кишвар кӯшиш менамоем, ки ҳеҷ шахси дорои маъюбият худро дар канор эҳсос накунад.
Илова бар ин, ИММТ фаъолона дар арсаи байналмилалӣ кор бурда, принсипи дарҳои кушодаро барои ҳамкорӣ риоя мекунад ва ба таъсиси ҷомеаи фарогир на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ саъй менамояд.
Фаъолият ва дастовардҳо
ТҶ “ИММТ” фаъолияти худро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда, дар иҷроиши қонунҳои миллӣ ва байналмиллалие, ки ба маъюбон тааллуқ доранд ва инчунин барои таъмини имкониятҳои баробар ба маъюбон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳама соҳаҳои фаъолияти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд. “ИММТ” аз оғози фаъолияти хеш ҳамкории худро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зич ба роҳ мондааст. Бо ташаббуси “ИММТ” ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, “8 июл” ҳамчун рузи маъюбон ва пиронсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Аз соли 2006 инҷониб ташкилот фаъолияти худро ба он равона сохтааст, ки Конвенсияи СММ оиди ҳуқуқи маъюбон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ба тасвиб расонида шавад.Хушбахтона, 22 марти соли 2018, Ассосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои мллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ш. Ню – Йорк барои ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба ин ҳуҷҷат имзо гузошт, ки ин дар ҳаракати маъюбӣ, як дастоварди бузург мебошад. Пас аз он, ки ҶТ ба ин Конвенсия ҳамроҳ шуд, фаъолияти ташкилотҳои шахсони маъюбиятдошта ба он равона сохта шудааст, ки ҳарчи зуддтар ин ҳуҷҷат ба тасвиб расад, то шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд низ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ тавонанд ширкат варзанд.
Ҳамкорӣ:
Дар давоми фаъолияти худ ИММТ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дигар Вазорату Кумитаҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ аз ҷумла, Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи “Созмони Амнияту ҳамкорӣ дарАврупо” дар ш. Душанбе, ЮНИСЕФ, Ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх дар Тоҷикистон, Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии ватанӣ ҳамкориҳои зич намуда дар таҳияи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрие, ки ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон алоқаманданд, бевосита ширкат меварзад. “ИММТ” аъзои комилҳуқуқи “Шурои Ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Шурои Ҳамоҳангсоз оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбони” – и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон ва инчунин аъзои Гуруҳи корие, ки дар назди “Кумитаи меъморӣ ва сохтмон”-и назди Ҳукумати ҶТ таъсис ёфтааст, мебошад. “ИММТ” аъзои Иттифоқи байналмилалии ташкилотҳои маъюбони собиқ Иттифоқи Шуравӣ мебошад, ки яке аз муасисони Анҷумани маъюбони Осиёи Маркази буда дар соли 2018 дар СММ ба қайд гирифта шудааст, ки ин имкон медиҳад дар ҷаласаҳое, ки барои Конвенсияи маъюбон равона мешаванд, иштирок намояд.