Гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи Ҷумҳурии Гурҷистонро дар самти батасвибрасонии Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбият меомӯзад.
Тбилисӣ, Гурҷистон — 26–29 майи соли 2024
Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи муваффақи Гурҷистон дар соҳаи татбиқ ва назорати иҷрои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони дорои маъюбият, гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари омӯзишии корӣ ба шаҳри Тбилисӣ анҷом дод. Сафар аз 26 то 29 майи соли 2024 идома ёфта, ҷиҳати таҳкими иқтидори миллӣ ва мусоидат ба тасвиб ва иҷрои минбаъдаи Конвенсия равона шуда буд.
Рӯзи аввал — Арзёбии дастрасии инфрасохтори шаҳрӣ
26 май гурӯҳ бо мақсади арзёбии дастрасӣ барои шахсони дорои маъюбият аз кучаҳои марказии шаҳр, муассисаҳои давлатӣ ва иншооти ҷамъиятии шаҳри Тбилисӣ боздид ба амал овард. Дар ҷараёни мониторинг мушкилоти марбут ба гузаргоҳҳои пиёдагард, мавҷудияти пандусҳо (роҳрав барои истифодабарандагони аробачаҳо), шароити истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ ва дастраси умум ба инфрасохтори шаҳрӣ муайян гардиданд. Бо вуҷуди баъзе намунаҳои мусбат, аксари иншооти давлатӣ ва фарҳангӣ ба талаботи шахсони дорои маъюбият ҷавобгу набуданд.
Рӯзи дуюм — Шиносоӣ бо низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ
27 май гуруҳ ба Вазорати меҳнат, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Гурҷистон ташриф оварда, бо роҳбарияти ин ниҳод ва намояндагони сохторҳои дахлдор мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот низоми ҳифзи иҷтимоӣ, барномаҳои барқарорсозӣ, дастгирии молиявӣ ва хизматрасониҳои дастрас барои шахсони дорои маъюбият муаррифӣ гардид. Ҳамчунин, гурӯҳ бо намояндагони Шӯрои эътилофии созмонҳои маъюбон мулоқот намуда, таҷрибаи ҳамоҳангсозии сиёсатҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро мавриди омӯзиш қарор дод.
Рӯзи сеюм — Варзиш, ҳамгироӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ
28 май гурӯҳ аз инфрасохтори Кумитаи паралимпии Гурҷистон боздид ба амал оварданд. Варзишгарони дорои маъюбият дар ин ҷо дар 16 риштаи варзиш омодагӣ мебинанд. Баъдтар, гурӯҳ бо ҳамоҳангсози давлатӣ оид ба масъалаҳои маъюбият мулоқот анҷом дода, оид ба татбиқи қонунгузорӣ ва барномаҳои миллии дастгирӣ мубодилаи афкор намуданд. Дар поёни рӯз, гурӯҳ аз Маркази иқомати шахсони дорои бемориҳои рӯҳӣ боздид намуд ва бо кори ин муассиса шинос гардиданд.
Хулоса ва тавсияҳо
Гурӯҳи корӣ таҷрибаи Гурҷистонро дар самти татбиқи амалии Конвенсия арзишманд арзёбӣ намуда, зарурати таҳкими ҳамкорӣ ва мубодилаи доимии таҷрибаҳоро таъкид намуданд. Аз ҷумла, ба масъалаҳои зерин аҳамияти ҷиддӣ дода шуд:
- беҳсозии дастрасии инфрасохтор, аз ҷумла тавассути насби пандусҳо, лифтҳо ва аломатгузориҳои дастрас;
- тақвияти огоҳии ҷомеа оид ба ҳуқуқу имкониятҳои баробари шахсони дорои маъюбият;
- таҳкими иштироки ТҶ дар сиёсатгузорӣ ва қабули қарорҳо.
- Ин боздид заминаи муҳимеро барои рушди минбаъдаи сиёсати фарогир ва татбиқи босамари ҳуқуқи шахсони дорои маъюбият дар Тоҷикистон фароҳам овард.