
Омӯзиши таҷрибаи Қазоқистон барои пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони дорои маъюбият дар Тоҷикистон
Лоиҳаи «Омӯзиши таҷрибаи Қазоқистон барои пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони дорои маъюбият дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳоди миллии маъюбони Тоҷикистон” бо дастгирии молиявии Намояндагии Бунёди Роза Люксембург дар Осиёи Марказӣ амалӣ гардид, бомуваффақият ба анҷом расид. Лоиҳа дар давраи аз 1 июн то 31 октябри соли 2023 татбиқ шуда, як қатор иқдомҳо ва дастовардҳои муҳимеро дар самти рушди сиёсати фарогир фаро гирифт.
Таҳлили вазъи мавҷуда
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 ба Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи шахсони дорои маъюбият имзо гузошт. Бо мақсади омодагӣ ба ратификация, Ҳукумати кишвар бо Қарори №116 аз 20 феврали соли 2020 Барномаи миллии амал барои ратификацияи Конвенсияро барои солҳои 2020–2024 қабул намуд. Яке аз бандҳои калидии барнома таъсиси институти мушовир оид ба масъалаҳои маъюбон дар сатҳи мақомоти иҷроияи маҳаллӣ мебошад. Бо вуҷуди ин, иҷрои ин барнома то имрӯз ба таври кофӣ амалӣ нагардидааст.
Ҳадаф ва самти асосии лоиҳа
Ҳадафи асосии лоиҳа омӯзиши таҷрибаи Қазоқистон дар заминаи таъсис ва фаъолияти институти мушовир оид ба масъалаҳои маъюбият, бо мақсади истифодаи он дар шароити Тоҷикистон ва мусоидат ба баланд бардоштани сифати зиндагии шахсони дорои маъюбият буд. Дониш ва таҷрибаи бадастомада ҳамчун замина барои таҳияи механизмҳои татбиқи сиёсати фарогир дар кишвар хизмат хоҳад кард.
Чорабиниҳои асосӣ ва дастовардҳо
- Семинари омӯзишии се рӯз дар шаҳри Душанбе (июли соли 2023)
Дар ин семинар лоиҳаи Низомнома оид ба мушовирони масъалаҳои маъюбият пешниҳод ва бо иштироки мутахассисон ва намояндагони мақомоти давлатӣ муҳокима гардид. - Сафари кории ҳайати Тоҷикистон ба шаҳри Алматы (сентябри 2023)
Гурӯҳи иборат аз 13 намоянда — аз ҷумла намояндагони вазоратҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ — барои омӯзиши таҷрибаи амалии Қазоқистон бо сохторҳои дахлдор мулоқотҳо анҷом доданд. - Мизи мудаввар дар Душанбе (4 октябри 2023)
Дар ин ҳамоиш лоиҳаи ниҳоии Низомнома оид ба мушовирон муаррифӣ гардид ва ҳамзамон тарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ва ҳамгироии иҷтимоии онҳо» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Натиҷаҳои асосии лоиҳа
- Мувофиқасозии Низомнома
10 октябри 2023 лоиҳаи ниҳоии Низомнома аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи давлатии рушди маҳал мувофиқа карда шуд. Қабл аз бақайдгирӣ дар Вазорати адлия, лоиҳа интизори имзои расмии вазир мебошад. - Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва иттилоотнокӣ
Дар ҷараёни татбиқи лоиҳа, 35 нафар намоянда аз мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо моҳият ва аҳамияти институти мушовирон шинос гардида, тавсияҳо ва таҷрибаҳои амалӣ дарёфт намуданд. - Тақвияти ҳамкориҳои байниминтақавӣ
Лоиҳа заминаи устувор барои рушди робитаҳо ва ҳамкориҳои мутақобила байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистону Қазоқистон гузошт.
Таъсири расонаӣ
Ҷараёни амалисозӣ ва натиҷаҳои лоиҳа тавассути телевизиони давлатӣ, нашрияҳои чопӣ ва саҳифаҳои иҷтимоии Facebook васеъ инъикос гардиданд, ки ба болоравии сатҳи огоҳии ҷомеа мусоидат намуданд.
Хулоса ва дурнамо
Лоиҳа ҳадафҳои худро пурра амалӣ намуда, заминаи ҳуқуқӣ ва амалии таъсиси институти мушовирон оид ба масъалаҳои маъюбон дар Тоҷикистонро фароҳам овард. Дар марҳалаи оянда баргузории семинарҳои омӯзишӣ барои мушовирон ва кормандони калидии мақомоти маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ин иқдом як қадами муҳими дигар дар роҳи рушди сиёсати фарогир ва таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар барои шахсони дорои маъюбият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.