Семинар оид ба тағйирёбии иқлим ва чораҳои мутобиқсозӣ барои шахсони дорои маъюбият дар Тоҷикистон

7 ва 8 май дар дафтари Иттиҳоди миллии маъюбони Тоҷикистон (ИММТ) семинари муҳиме таҳти унвони «Тағйирёбии иқлим, паёмадҳои он ва чораҳои мутобиқсозӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Ин чорабинии муҳим бахше аз лоиҳаи «Баланд бардоштани иқтидори фаъолони минтақаӣ оид ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба шахсони дорои маъюбият» мебошад, ки бо дастгирии Бунёди АвруОсиё амалӣ гардид.

Семинар мутахассисони шинохта дар соҳаҳои иқлимшиносӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаро ҷамъ овард. Дар миёни онҳо Наталя Идрисова, ки ба феҳристи 100 зани таъсиргузори BBC дар соли 2023 шомил шудааст, ва Азизбеков Азиз, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок доштанд. Ҳамчунин, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии шахсони дорои маъюбият аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ ширкат варзиданд.

Зимни чорабинӣ масъалаҳои муҳими марбут ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба шахсони дорои маъюбият муҳокима гардиданд. Роҳҳои ҳалли мушкилоти экологӣ, аз ҷумла гузариш ба истеъмоли оқилона, истифодаи энергия аз манбаъҳои барқароршаванда ва усулҳои бунёди шаҳрҳои сабз пешниҳод шуданд. Илова бар ин, масъалаҳои идоракунии ҳолатҳои фавқулодда низ баррасӣ гардиданд.

Ин семинар зарурати ворид кардани масъалаи тағйирёбии иқлим ба рӯзномаи кори ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бахусус онҳое, ки бо шахсони дорои маъюбият фаъолият мекунанд, таъкид намуд. Дар шароити тағйироти глобалии иқлим, мутобиқшавӣ ва устуворӣ унсурҳои калидӣ барои таъмини амният ва некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон мебошанд.

Лоиҳа бо дастгирии Бунёди АвруОсиё ва барномаи Social Innovation in Central Asia (SICA), ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, амалӣ мешавад. Ин чорабинӣ намунаи равшани он аст, ки ҳамкории байналмилалӣ ва ташаббусҳои маҳаллӣ метавонанд ба ҳалли мушкилоти экологӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии одамон мусоидат намоянд.

Ба ҳаракат барои фардои сабзу устувортар ҳамроҳ шавед!

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *