Семинар оид ба тағирёбии иқлим ва тадбирҳои мутобиқшавӣ барои маъюбон дар Тоҷикистон

Рӯзҳои 7 ва 8 май дар дафтари Ассотсиатсияи миллии маъюбони Тоҷикистон (НМТ) семинари беназир таҳти унвони «Тағйирёбии иқлим, оқибатҳои он ва тадбирҳои мутобиқшавӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Ин чорабинии муҳим дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Беҳдошти тавонмандии фаъолони минтақавӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба одамони дорои маълулият», ки аз ҷониби Фонди Авруосиё дастгирӣ мешавад, гардид.

Дар семинар коршиносони шинохта дар соҳаи иқлим ва ҳолатҳои фавқулодда ҷамъ омаданд. Дар миёни онҳо Наталя Идрисова, ки тибқи гузориши Би-би-сӣ барои соли 2023 ба 100 зани бонуфуз шомил шудааст ва Азизбеков Азиз, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои изтирории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буданд. Раҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии инвалидони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ иштирок доштанд.

Дар рафти чорабинӣ мавзӯъҳои муҳими марбут ба тағирёбии иқлим ва таъсири он ба маъюбон баррасӣ шуданд. Роҳҳои ҳалли мушкилоти экологӣ, аз қабили гузаштан ба истеъмоли бошуурона, истифодаи энергияи барқароршаванда ва усулҳои бунёди шаҳрҳои сабз пешниҳод карда шуданд. Гайр аз ин, масъалахои вазъияти вазъияти фавкулодда дида баромада шуданд.

Ин семинар аҳамияти ҳамгироии масъалаҳои тағйирёбии иқлимро ба рӯзномаи созмонҳои ҷамъиятӣ, бахусус ташкилотҳое, ки бо одамони дорои маълулият кор мекунанд, таъкид кард. Дар баробари тағирёбии глобалии иқлим, мутобиқшавӣ ва устуворӣ калиди таъмини амният ва некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон мебошанд.

Лоиҳае, ки дар доираи он семинар баргузор гардид, бо дастгирии Бунёди Авруосиё ва барномаи Инноватсияи иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ (SICA), ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, таҳия шудааст. Ин чорабинӣ намунаи равшани он аст, ки чӣ гуна ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ташаббусҳои маҳаллӣ метавонанд ба ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ ва беҳтар кардани зиндагии мардум мусоидат кунанд.

Ба мо дар ҳаракат барои ояндаи сабзтар ва устувортар ҳамроҳ шавед!

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *