Мусобиқаи шашкабозӣ байни шахсони дорои маъюбият дар Тоҷикистон

23 май, дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, мусобиқаи шавқовари шашка байни шахсони дорои маъюбият баргузор гардид. Мусобиқа тибқи системаи швейтсарӣ гузаронида шуд, ки ба ҳар як иштирокчӣ имкон дод маҳорати беҳтарини худро нишон диҳад.

Чорабинӣ бо ташаббуси Иттиҳоди миллии маъюбони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти нобиноён ва бо дастгирии молиявии World of Community Development – Dunyoi Rushdi Jomea баргузор шуд. Ба ҳайати доварон Хамдамов Суҳроб шомил буд — шахсе бо таҷрибаи бузург дар ин самт, ки сатҳи баланди довариро таъмин намуд.

Лозим ба қайд аст, ки Амирхонова Шабнам бо шикаст додани 12 рақиб пирӯзии шоистаро дар ҳисоби умумӣ ба даст овард! Ҳамаи иштирокчиёне, ки ҷойҳои аз якум то шашумро ишғол карданд, аз ҷониби ташкилкунандагон бо тӯҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ шуданд.

Сипоси самимӣ ба ҳамаи иштирокчиён ва онҳое, ки аз ин чорабинии муҳим ҷонибдорӣ карданд. Талош ва матонати шумо илҳомбахш аст!

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *