
Тагйирёбии иқлим — яке аз муҳимтарин ва мураккабтарин чолишҳои замони мо мебошад. Таъсири тағйироти иқлим хусусан дар байни гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла шахсони маъюбиятдошта, эҳсос мешавад. Барои кумак расонидан ба ин категорияи одамон барои мутобиқшавӣ ба шароити нави иқлимӣ ва баланд бардоштани огоҳии онҳо дар бораи хатарҳо дар ҳолатҳои фавқулодда, дар Тоҷикистон лоиҳаи муҳими баланд бардоштани иқтидори фаъолони минтақавӣ оғоз ёфт.
Мақсади лоиҳа
Лоиҳа бо мақсади таҳкими иқтидори маҳаллӣ дар самти вокуниш ба тағйирёбии иқлим бо дарназардошти ниёзҳои шахсони дорои маъюбият равона шудааст. Дар доираи он баргузории машғулиятҳои омӯзишӣ ва ташкили инфрасохтори мутобиқшуда ба ниёзҳои шахсони маъюбиятдошта ба нақша гирифта шудааст.
Натиҷаҳои асосии лоиҳа
Лоиҳа ба дастовардҳои муҳиме ноил гардид, ки тавассути якчанд нишондиҳандаҳои калидӣ тасдиқ мешаванд:
- Таҳлили муфассали вазъият оид ба ниёзҳо ва мушкилоти шахсони дорои маъюбият дар заминаи тағйирёбии иқлим анҷом дода шуд, ки замина барои банақшагирии минбаъда фароҳам овард.
- Се семинари омӯзишӣ дар мавзуъҳои тағйирёбии иқлим, хатарҳои ҳолатҳои фавқулода ва таъсири онҳо ба шахсони маъюбиятдошта дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд бо ҷалби мутахассисон ва фаъолони маҳаллӣ баргузор гардид.
- 42 нафар шахсони дорои маъюбият дониш ва огоҳии худро дар бораи хатарҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ва ҳолатҳои фавқулода, инчунин алгоритмҳои рафтори дуруст дар чунин ҳолатҳо, афзоиш доданд.
- Бахши алоҳида дар вебсайти ташкилот барои паҳнсозии маълумоти муфид дар бораи тағйирёбии иқлим ва ҳуқуқу ниёзҳои шахсони маъюбиятдошта таъсис ёфт, ки ҳамчун манбаи иттилоотии дастраси омма хидмат мекунад.
- Нақшаи амалиёт дар ҳолатҳои фавқулода, ки талаботи шахсони дорои маъюбиятро ба инобат мегирад, таҳия ва омода гардид, ки метавонад дар сиёсагузории давлатӣ ва барномаҳои маҳаллӣ истифода шавад.Мақсадҳо ва чорабиниҳои лоиҳа
Вазифаҳо ва чорабиниҳои асосии лоиҳа
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда, лоиҳа як қатор вазифаҳо ва чорабиниҳои муҳимро ба анҷом расонид:
- Ташкили тренингҳои омӯзишӣ:
– Дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар тренингҳои дурӯзаро барои фаъолони маҳаллӣ ташкил намуд. Дар ҳар як тренинг 14 нафар иштирокчӣ ҷалб гардида, дониш ва малакаи худро оид ба тағйирёбии иқлим, хатарҳои ҳолатҳои фавқулода ва алгоритмҳои амал барои шахсони дорои маъюбият дар чунин ҳолатҳо тақвият бахшиданд. - Модернизатсия ва такмили вебсайти ташкилот:
– Лоиҳаи техникии таъсиси бахши махсус вобаста ба тағйирёбии иқлим ва ниёзҳои шахсони дорои маъюбият дар сомонаи ташкилот таҳия гардид.
– Тендер барои интихоби ширкати таҳиягар эълон ва роҳандозӣ шуда, ширкати мутасаддӣ интихоб ва шартномаи ҳамкорӣ бо он ба имзо расонида шуд.
– Бахши нав дар сомона пурра таҳия ва санҷида шуда, дар ҳолати фаъол қарор дорад ва барои ҳамаи истифодабарандагон дастрас мебошад. - Таҳлили вазъи мавҷуда:
– Барои гузаронидани таҳлили мутахассисона шартҳои техникии зарурӣ таҳия ва қабул гардид.
– Таҳлил дар асоси маълумоти мавҷуда ва мушоҳидаҳои саҳроӣ анҷом дода шуд.
– Ҳисоботи таҳлилӣ таҳия ва тасдиқ шуда, ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ барои роҳандозии иқдомҳои минбаъда истифода мегардад.
Таъсири лоиҳа
Лоиҳа таъсири муҳимеро ба рушди иқтидори шахсони дорои маъюбият ва ташкилотҳои онҳоро дар Тоҷикистон расонид. Фаъолони ҳаракати шахсони дорои маъюбият сатҳи огоҳии худро дар мавриди тағйирёбии иқлим, хатарҳои ҳолатҳои фавқулода ва тартиби амал дар чунин вазъиятҳо ба таври назаррас баланд бардоштанд.
Имрӯз роҳбарони ташкилотҳои шахсони маъюбиятдошта метавонанд донишҳои дар доираи лоиҳа бадастовардаашонро дар фаъолияти ҳаррӯза, ҳамчунин дар машварат ва дастгирии аъзоёни худ васеъ истифода баранд. Ин донишҳо барои ҳифзи ҳаёт ва таъмини амнияти шахсони маъюбиятдошта дар ҳолатҳои фавқулода аҳамияти ҳаётӣ доранд.
Илова бар ин, лоиҳа ба шахсони дорои маъюбият имконият фароҳам овард, ки иқтидори худро дар таҳияи дархостҳои босифати грантӣ боло баранд. Онҳо акнун метавонанд бо эътимод бештар ба ташкилотҳои байналмилалӣ муроҷиат намоянд ва фаъолияти худро дар самти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи гурӯҳҳои осебпазир боз ҳам густариш диҳанд.
Давраи иҷрои лоиҳа:
Март – Сентябр 2024
Хулоса
Лоиҳае, ки ба таҳкими иқтидори фаъолони маҳаллӣ дар Тоҷикистон равона шудааст, як қадами муҳим дар самти ташаккули ҷомеаи устувор ва фарогир барои шахсони дорои маъюбият дар шароити тағйирёбии иқлим маҳсуб меёбад.
Он нишон медиҳад, ки татбиқи иқдомҳои ҳадафманд ва ҳамгиро бо дарназардошти ниёзҳои шахсони осебпазир метавонад ба беҳтар гардидани сифати зиндагӣ ва бехатарии онҳо мусоидат намояд. Натиҷаҳои лоиҳа заминаи мусоидро барои идомаи чунин ташаббусҳо ва татбиқи онҳо дар сатҳи васеъ фароҳам месозад.